Ссылки доступа

Дипломатҳои рус аз Куриёи Шимолӣ бо аробача баргаштанд


Вазорати умури дохилии Русия бо нашри чанд аксу видео хабар дод, ки дипломатҳои ин кишвар ҳамроҳи хонаводаҳояшон аз Куриёи Шимолӣ бо аробачаи ғайрихудгарди роҳи оҳан (дрезина) ба ватан баргаштанд.

Котиби севуми сафорати Русия дар Куриёи Шимолӣ Владислав Сорокин гуфтааст, маҷбур шуд, ин аробачаро дар роҳи оҳан беш аз якуним километр кашола кунад.

Марзҳои Куриёи Шимолӣ ба иллати коронавирус баста ҳастанд ва бинобар ин, дипломатҳои рус маҷбур шуданд, то марз "роҳи дарозу пурмашаққат"-ро тай кунанд.

"Нахуст 32 соат тариқи қатора ва сипас ду соати дигар бо автобус рафтем. Аз ҳама қисмати мушкил гузаштан ба ҳудуди Русия буд. Барои гузаштан аз ин минтақа маҷбур будем, аробача сохта, ба рӯи роҳи оҳан гузорем ва фарзандону ашёи худро бор карда, кашола кунем", - иқтибос оварда шудааст дар хабари Вазорати умури хориҷии Русия.

Дипломатҳои рус баъди гузаштан ба ҳудуди Русия нахуст тавассути автобус ба Владивосток ва сипас бо ҳавопаймо ба Москва интиқол дода шуданд.

Куриёи Шимолӣ дар оғози соли гузашта ба иллати пандемияи коронавирус марзҳои худро бо тамоми кишварҳо баст. Президенти Куриёи Шимолӣ Ким Чен Ин моҳи октябри соли гузашта гуфт, дар кишвараш ягон ҳолати мубталошавӣ ба коронавирус сабт нашудааст.

XS
SM
MD
LG