Ссылки доступа

Дар Қазоқистон нархи маҳсулоти ғизоӣ дубора боло рафт (видео)


"Ценник меня очень удивил на кассе": в Казахстане с Нового года на треть подорожали продукты
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:02:11 0:00

"Ценник меня очень удивил на кассе": в Казахстане с Нового года на треть подорожали продукты

Дар Қазоқистон нархи маҳсулоти ғизоӣ, ҳам воридотӣ ва ҳам истеҳсоли дохилӣ дубора боло рафт.

Бино ба иттилои расмӣ, аз аввали соли равон нархи орд, тухм ва равғани офтобпараст 35 дарсад ва арзиши донагӣ, гушт ва сабзавот 20 дарсад гаронтар шудааст. Ин дар ҳолест, ки қисми зиёди ин маҳсулот дар дохили Қазоқистон истеҳсол мешавад.

"Нархҳо дар муқоиса бо рӯзҳои пеш аз Соли нав ду-се барпобар боло рафтааст. Баъди дидани нархҳо маҷбур шудам, рӯйхати маҳсулотеро, ки мехаридам, иваз кунам", - мегӯяд сокини шаҳри Нурсултони Қазоқистон Ирина Василева.

"Нархҳо хеле гарон шудаанд. Бахусус, арзиши тухм, орд ва равғани офтобпараст, ки хеле маҳсулоти муҳиманд", - мегӯяд яке аз муштариёни дигар.

Дар порлумони Қазоқистон болоравии нахрҳоро хатар ба амнияти ғизоии кишвар номиданд, вале нагуфтанд, кӣ "айбдор" аст. Намояндаи Ҳизби халқии Қазоқистон Айкин Конуров гуфт, шаҳрвандони кишвараш беш аз ними даромади худро ба хариди маҳсулоти ғизоӣ сарф мекунанд.

XS
SM
MD
LG