Ссылки доступа

Тазоҳуроти ҷонибдорони Райимбек Матраимов дар Қирғизистон


Дар шаҳри Ӯши Қирғизистон 28 феврал ба ҷонибдорӣ аз муовини пешин ва боздоштшудаи раиси Хадамоти гумруки он кишвар Райимбек Матраимов тазоҳурот баргузор шуд.

Ба ҳисоби созмондиҳандагони тазоҳурот, ба ҷонибдорӣ аз Матраимов дар майдони марказии Ӯш ҳудуди 15 ҳазор одам ҷамъ омаданд. Вале нозирони мустақил мегӯянд, теъдоди тазоҳургарон тақрибан 5 ҳазор буд.

Дар миёни эътирозгарон вакилони порлумони Қирғизистон, номзадҳо ба вакилии порлумон дар интихоботи соли 2020 аз ҳизби "Мекеним Қирғизистон" низ буданд. Аз ҷумла, муовини пешини раиси порлумони Қирғизистон Мирлан Бакиров, вакилони порлумон Таабалдӣ Тиллаев, Бактибек Райимкулов, Илхом Маннанов ва Искандер Матраимов. Ҳамаи ҷамъшудаҳо озодии Матраимовро талаб карданд.

Номи Райимбек Матраимов, ки бо лақаби "Раим миллион" низ маъруф аст, дар силсилаи таҳқиқоти рӯзноманигории бахши қирғизии Радиои Озодӣ, OCCRP ва Kloop зикр шудааст. Бино бар он, хонаводаи Матраимовҳо дар чанд соли охир зиёда аз 700 миллион долларро "ғайриқонунӣ" аз Қирғизистон ба хориҷ бурдаанд.

Баъди нашри таҳқиқот зидди Матраимов парвандаи ҷиноӣ боз шуд. Ӯ ва наздики 40 мансабдори Хадамоти гумруки Қирғизистон дар ташкили нақшаи коррупсионии даромади пинҳонӣ аз ҳисоби гумрук айбдор шуданд.

Додгоҳи ноҳияи Якуми майи шаҳри Бишкек Раимбек Матраимовро дар фасодкорӣ айбдор эълом ва 260 ҳазор сом ($3 ҳазор) ҷарима ва қарори ҳабси дороиҳои ӯ, аз ҷумла хонаҳояш дар шаҳри Бишкеку Ӯш, вилояти Иссиқкӯлу ҳисобҳои бонкияшро бекор кард.

Вале ӯ 18 феврал аз сӯи мақомоти амниятӣ бо гумони пулшӯӣ дубора боздошт боздошт шуд.

XS
SM
MD
LG