Ссылки доступа

Катавозай гуфт, дар қочоқи 90 кило тило ва миллионҳо доллар ба Тоҷикистон даст надорад. Соҳиби аслии бор кист?


Мирзо Катавозай, муовини раиси порлумони Афғонистон, гуфт, дар қочоқи 90 кило тилло ва 15 миллион доллар аз Афғонистон ба Тоҷикистон ва кӯшиши бурданаш ба кишвари севум даст надорад.

Вай, ки ҳоло дар Душанбе қарор дорад, рӯзи 28-уми феврал гуфт: "Чунин як чизе вуҷуд надорад, чун ман сиёсатмадор ҳастам, на тоҷир."

Ин дар ҳолест, ки баъзе аз расонаҳои Афғонистон гуфтанд, 90 кило тилло ва миллионҳо долларе, ки дар Тоҷикистон кашфу мусодира шудааст, ба Мирзо Катавозай, муовини аввали раиси порлумони Афғонистон тааллуқ дорад.

Телевизиони 1-и Афғонистон шоми 27-уми феврал дар гузорише бо такя ба манбаъҳои худ гуфт, "Катавозай талош дорад, ки рӯйи ин мавзуъ сарпӯш бигузорад."

Муовини раиси порлумони Афғонистон дар вокуниш ба ин иддаои расонаҳои кишвараш гуфт, "кулли хабарҳо дар ин бора, ки чунин корро ба ман марбут медонанд, дурӯғ аст." Аммо рӯшан нагуфт, ки чаро маҳз номи ӯ дар ин қазия гиреҳ хӯрдааст.

Суҳбати мо бо Катавозай рӯзи якшанбе дар бинои сафорати Афғонистон дар Душанбе хеле кӯтоҳ сурат гирифт ва ӯ моил нашуд, ки ба суолҳои дигар дар ин замина посух бигӯяд.

Мақомоти интизомии Тоҷикистон моҳи ноябри соли 2020 як гурӯҳи 7-нафариро дар Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе дастгир карданд, ки талош доштаанд 90 кило тилло ва 15 миллион долларро ба Имороти Муттаҳидаи Араб интиқол диҳанд. Мақомот дар моҳи феврали имсол тасдиқ карданд, ки ин миқдор тиллову доллар аз Афғонистон омадааст, вале дар бораи соҳиби асосии бор чизе нагуфтанд.

Ҳарчанд, ба иттилои расмии ҷониби Тоҷикистон, дар ин замина чанд нафар, аз ҷумла маъмурони гумруки кишвар барои "хунукназарӣ" дастгир шуда, парвандаҳояшон дар ҳоли баррасист.

Дар Афғонистон ин мавзуъ замоне доғ шуд, ки як ҳайати Вулуси Ҷирга рӯзи 27-уми феврал аз Кобул ба Душанбе омад. Ба ин ҳайат Мирзо Катавозай низ шомил аст. Расонаҳо тахмин заданд, ки эҳтимол дар мулоқот бо ҷониби Тоҷикистон масъалаи тиллову долларҳо низ баррасӣ шавад.

Сухангӯи Маҷлиси Намояндагони Афғонистон гуфтааст, сафари ҳайати порлумон ба Душанбе ба мавзӯи тиллову доллар рабт надорад ва санаи баргузории он аз қабл ҳамоҳанг шуда буд.

Мирраҳмон Раҳмонӣ, раиси порлумони Афғонистон, рӯзи 28-уми феврал дар нишасти матбуотӣ дар Душанбе гуфт, ҳадаф аз сафар "баррасии масоили гуногун, аз ҷумла рушди муносибатҳои байнипорлумонӣ, тақвияти мубориза бо терроризм ва гуфтугӯ дар бораи сулҳи Афғонистон аст". Ӯ таъкид кард, ки бо раиси ҷумҳур, вазири корҳои хориҷӣ ва раиси Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон мулоқот мекунад.

"Камтар аз як моҳи дигар, дар назар аст, раиси ҷумҳури Афғонистон ба Тоҷикистон ташриф биёрад ва бо ҳамтои тоҷики худ мулоқоту гуфтугӯ кунад", -- афзуд ӯ.

Дастикам дар моҳи декабри соли 2020 сафари Раҳмонӣ ва ҳайаташ ба Тоҷикистон маълум будааст. Ин замоне буд, ки ба гузориши хабарнигорони телевизиони 1-и Афғонистон, Мирзо Катавозай бо сафири Тоҷикистон дар Кобул мулоқот дошт.

Дар сомонаи расмии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон навиштаанд, ки мулоқоти сафир, Саъдӣ Шарифӣ, бо муовини аввали раиси Маҷлиси Намояндагони Афғонистон, Мирзо Катавозай, рӯзи 15-уми декабри соли 2020 ва "бо хоҳиши ҷониби афғонӣ доир гардид". Вазорат аз қавли Катавозай навишт, "...Тоҷикистон беҳтарин шароитро барои сармоягузории тоҷирону сарватмандони афғон (аз дохили Афғонистон ва аз берун) дорад ва бояд аз ин имкониятҳо ба нафъи ҳарду кишвар истифода шавад."

Бо ин ҳол, мақомоти интизомии Афғонистон дар бораи рабти Мирзо Катавозай бо тиллову долларҳои мусодирашуда дар Тоҷикистон ибрози назар накардаанд. Катавозай зодаи вилояти Кобул ва феълан намояндаи мардуми Пактико дар порлумон аст. Ба иттилои сомонаи Маҷлиси Намояндагони Афғонистон, ӯ риштаи ҳуқуқро хатм карда, дар гузашта ба тиҷорат машғул будааст.

XS
SM
MD
LG