Ссылки доступа

Туркия барои парвоз ба моҳтоб мушак месозад


Этот снимок сделан в Москве у соборной мечети 10 декабря 2020
Этот снимок сделан в Москве у соборной мечети 10 декабря 2020

Вазири саноат ва технологияи Туркия Мустафо Варанк мегӯяд, ин кишвар як мушаки дорои муҳаррики ҳибрид сохта, барои анҷоми маъмурияте ба моҳтоб фиристоданист.

Мустафо Варанк рӯзи якшанбе дар суҳбат бо хабаргузории Anadolu гуфт, мушаки мазкур дар асоси пажӯҳишҳои ширкати Delta V Space Technologies Inc сохта хоҳад шуд. Вале вазир хусусиятҳои техникии онро ифшо накард.

Туркия мехоҳад, барномаҳои худ дар моҳтобро дар ду марҳала - солҳои 2023 ва 2023 иҷро кунад. Дар марҳалаи аввал қарор аст, дастгоҳи бидуни сарнишин ба моҳтоб фиристода шавад.

Ба гуфтаи Мустафо Варанк, Туркия мехоҳад ба ҳайати "лигаи олӣ дар соҳаи моҳтоб" шомил шавад.

Президенти Туркия Раҷаб Эрдуғон 9 феврал барномаи миллии кайҳонии кишварашро муаррифӣ кард. Ба гуфтаи ӯ, Туркия мехоҳад, нафареро ба кайҳон фиристад ва барои ниёзҳои маданию низомӣ моҳвораҳои алоҳида бисозад.

XS
SM
MD
LG