Ссылки доступа

Даҳҳо ҳамҷинсгаро дар Тоҷикистон "муҳтоҷи кумаки башарӣ шудаанд"


Иллюстративное фото

"Пандемияи коронавирус дар соли 2020 ба ҷомеаи ҳамҷинсгароён дар Тоҷикистон таъсири ҷиддӣ гузошта, 24 нафари онҳо дархости ёрии башарӣ ва ғизо кардаанд."

Дар ин бора дар гузориши нави ILGA-Europe, ки 600 созмонро аз кишварҳои Аврупову Осиёи Марказӣ муттаҳид мекунад, зикр шудааст.

Гузориш, ки паҳлӯҳои гуногуни ҳаёти ақаллиятҳои ҷинсӣ ва поймолшавии ҳуқуқи онҳоро арзёбӣ мекунад, як бахши корашро ба Тоҷикистон бахшидааст. Мақомоти Тоҷикистон ба ҷуз аз нашри якдафъаинаи омори тахминии ақаллиятҳои ҷинсӣ, ҳеч гоҳ таҳқиқоти вижаеро дар бораи ҳаёт ва мушкилоти аъзои ин гурӯҳ барпо накардаанд.

Ақаллиятҳои ҷинсӣ дар ҷомеаи суннатии Тоҷикистон "аз афроди осебпазир" ба шумор мераванд ва, аз ин рӯ, аз ифшои ҳуввияти худ меҳаросанд ва танҳо ба созмонҳои ҳомии ҳуқуқ аз рӯзгори худ мегӯянд.

Мақомоти интизомии Тоҷикистон дар як ҳолати камназир дар соли 2017 рӯйхати беш аз 300 намояндаи ақаллиятҳои ҷинсиро тартиб дода, гуфтанд, ин афрод ба "гурӯҳи хатар" ё риск шомил ҳастанд. Пас аз онки феҳрист мавриди нигарониву маҳкумияти гурӯҳҳои ҳуқуқи башар қарор гирифт, мақомот гуфтанд, "феҳристро бо ҳадафи таъмини амнияти онҳо тартиб доданд".​

Муаллифони гузориши ILGA-Europe мегӯянд, дар соли 2020 ба шабакаҳои интернетӣ наворе роҳ ёфт, ки дар он полис ба як намояндаи ақаллиятҳои ҷинсӣ иҷоза надод, ба ҳавопаймо нишинад, чун, ба иддаои ӯ, "шиносномаи зан бо чеҳрааш мутобиқат намекард". Баъди дар шабакаҳо паҳн шудани шиносномаи ин зан, ӯ мавриди таҳдид ва шарҳу назарҳои таҳқиромез қарор гирифтааст.

Дар моҳи апрел чанд намояндаи ақаллиятҳои ҷинсӣ дар Тоҷикистон шикоят карда буданд, ки бо хушунат, издивоҷҳои маҷбурӣ, озори ҷинсӣ ва ё табобати маҷбурӣ рӯ ба рӯ шудаанд. Дар гузориши ILGA-Europe навиштаанд, баъзе аз намояндагони ҷомеаи ақаллиятҳои ҷинсӣ бо ҳадафи зиндагии осудаву амн ба Русия мераванд, аммо онҷо ҳам "барои ин гурӯҳ хатарнок мешавад".

Ба унвони мисол дар гузориш аз кушта шудани як блогнавис дар Русия хабар додаанд, ки ба ҳувияти ҷинсии ӯ рабт доштааст. Марди дигари ҳамҷинсгаро бо номи Суруш гуфтааст, ба хотири майлҳои ҷинсияш ҳамкорон ӯро заданд, вале полис ба ҷойи ба ҷавобгарӣ кашидани озордиҳандаҳо, худи Сурушро айбдор кард. Қазияи ӯ, ба қавли муаллифони гузориш, дар баррасии Додгоҳи олӣ аст.

Мақомоти Тоҷикистон азият ва таъқиби ақаллиятҳои ҷинсиро рад карда, мегӯянд, қонунҳои кишвар ҳамаи шаҳрвандонро баробар зери ҳимоят қарор медиҳанд. Аз ҷумла, дар нишасти хабарии моҳи январи соли 2019 Зариф Ализода, он замон ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон, гуфта буд, дар ҷомеаи Тоҷикистон намояндагони ақаллиятҳои ҷинсӣ ҳастанд, вале касе онҳоро таъқиб намекунад ва озор намедиҳад.

"Ин ба ахлоқи ҷомеаи мо мувофиқ нест. Вале ин ба маъное нест, ки мо онҳоро ҷазо диҳем ё таъқиб кунем", - гуфта буд собиқ омбудсмени Тоҷикистон.

Бино ба мушоҳидаи муаллифони гузориши ILGA-Europe, соли 2020 дар Тоҷикистон ҳимоят аз ҳуқуқи ақаллиятҳои ҷинсӣ дар шабакаҳо бештар шудааст. Як намунааш Амирани 17-сола аст, ки тавассути саҳифааш дар Инстаграм ба дифоъ аз ҳуқуқи занон ва ҳамҷинсгароён суҳбатҳо кардааст.

Як модератори дигар, ки номашро фош намекунад, моҳе як бор дар Инстаграм аз мушкилоти ин гурӯҳ дар Тоҷикистон барномаҳо таҳия мекунад.

Гузоришгарони ILGA-Europe менависанд, талоши намояндагони ақаллиятҳо барои қонунӣ кардани санадҳои худ ҳамеша бо мушкил ҳамроҳ аст ва танҳо як марди "трансгендер" тавонистааст, аз ҷараёни бисёр печидаи бюрократӣ гузашта, санадҳояшро иваз кунад. Ҳувияти ин шахс ва ҷузъиёти ин қазия ошкор намешавад.

Соли 2020 дар Тоҷикистон бар асоси саргузаштҳои талхи шаш намояндаи ақаллиятҳои ҷинсӣ мустанади чордақиқаӣ таҳия шудааст. Қаҳрамонҳои филми "Сукути каркунанда", ки чеҳраҳояшон пинҳон карда шудааст, аз таҷрибаи талхи зиндагиашон дар оила, мушкилот бо волидон, ходимони ҳуқуқ ва боздошту шиканҷа нақл кардаанд.

Масалан, Нурия гуфтааст, духтарҳоеро, ки ба ҳамҷинсони худ майл доранд, маҷбур мекунанд, издивоҷ кунанд ва ё ба дасти рӯҳониён медиҳанд, то, ба қавли волидонашон, "ҷинро" берун кунанд. "Дар баъзе ҳолат, волидон аз фарзандон даст мекашанд ва ин шахсони озурдаву азиятшуда аз тарафи ҷомеаро дар ҳолати сангинтар қарор медиҳад", -- афзудааст ӯ.

Соли 2020 чанд намояндаи ин гурӯҳ гуфтаанд, ходимони полис ҳадафмандона ба хонаи онҳо омада, кофтукоб ва таҳдид карданд. Қаҳрамонҳои "Сукути каркунанда" иддао кардаанд, дар ҳолатҳои зиёд полис ва ходимони ҳифзи қонун ба ҷойи ҳимояту дастгирӣ, худ ба озордиҳанда ва тамаъҷӯ табдил мешаванд.

Гузоришгарони ILGA-Europe мегӯянд, дар Тоҷикистон моҳи феврали соли гузашта як гурӯҳи корӣ таъсис шуд, ки бояд бо таҳияи тарҳи қонуни зидди табъиз машғул мегардид ва ба он мутахассисони Омбудсмен, Вазорати адлия ва аъзои порлумон шомил шуданд. Тарҳи аввалин моҳи март таҳия шуд, ки як бахшаш ҳимояти ҳуқуқи ақаллиятҳои ҷинсиро ҳам дар бар мегирифт, вале боздошта шуд. Тарҳи қонуни мазкур бо тавсияҳои Созмони Милал ва созмонҳои дигари ҳомии ҳуқуқи инсон бояд таҳия шавад.

То ин дам баъзе аз намояндагони ақаллиятҳои ҷинсӣ, ки дар Тоҷикистон зери фишору тарс зиндагӣ мекарданд, ба Аврупову Ғарб паноҳ бурдаанд. Айни замон, ин гурӯҳ иқрор мешаванд, ки дар ҷомеаҳои хориҷӣ ҳам маҷбур ҳастанд, ҳувияти худро аз ҳамватанон пинҳон кунанд, чунки дар онҷо ҳам мавриди ҳамлаҳои лафзиву интернетӣ қарор мегиранд.

XS
SM
MD
LG