Ссылки доступа

Эътирозгарони Алмато беш аз 10 соатро дар ҳалқаи пулис гузарониданд (видео)


Ҷонибдорони ҳизби сабтиномнашудаи демократии Қазоқистон, ки 28 феврал дар шаҳри Алмато даст ба тазоҳурот зада буданд, беш аз 10 соатро дар ҳалқаи кормандони пулис гузарониданд.

Маъмурони пулис онҳоро иҳота карда, танҳо баъд аз соати 22-и шаб раҳо карданд. Эътирозгарон ҳам баъди раҳо шудан дар якҷоягӣ ба самти Идораи пулиси Бостон рафта, аз мақомот раҳоии ҳамсафи худ Абзал Достиёровро талаб карданд.

Маъмурони пулис Достиёровро соатҳои 20:30 аз миёни эътирозгарон бароварда, ба идора бурда буданд. То ҳол маълум нест, ки ӯро дар чи айбдор мекунанд, вале ӯ бо интиқодҳои худ аз фаъолияти президенти пешини Қазоқистон Нурсултон Назарбоев машҳур аст.

Ҷонибдорони гуруҳи ташаббускори таъсиси "Ҳизби демократ" 28 феврал дар назди қасри Балуан Шолаки Алмато бо талаби ислоҳот ва ба ҷонибдорӣ аз маҳбусони сиёсӣ тазоҳурот баргузор карданд.

Минтақае, ки онҷо ҳамоиши эътирозӣ баргузор шуд, бо автобусҳо муҳосира шуда буд ва рӯзноманигоронро ба онҷо роҳ намедоданд. Маъмурони пулис дар гирди эътирозгарон ҳалқа заданд.

XS
SM
MD
LG