Ссылки доступа

Дар Узбекистон аз коргарони буҷавӣ ҷамъоварии оҳанпора талаб доранд


Дар Узбекистон коргарони муассисаҳои буҷавиро маҷбур доранд, ки оҳанпора ҷамъ оранд ва ба давлат супоранд.

Мақомоти расмии Узбекистон гуфтанд, ба муассисаҳои давлатӣ дастури ҷамъоварии оҳанпора додаанд, аммо дар ин кор кормандон ҷалб нашуда ва аз онҳо маблағ низ талаб нагардидааст.

"Ибтидо аз мо 8-долларӣ ва баъдан 3-долларии дигар ҷамъ карданд. Гуфтанд, бо ин маблағ оҳанпора мехаранд. Ин маблағ барои мо хеле калон аст. Ҳамкорон дар таъмини хонаводаҳояшон танқисӣ мекашанд, болои ин барои ҳар кор аз мо маблағ меситонанд. Намедонем, ки оё созмоне ҳаст, ки аз ҳуқуқҳои мо дифоъ кунад?", - гуфт як коргари ширкати барқи вилояти Бухорои Узбекистон.

Ин ҳам дар ҳолест, ки дар Бухоро тақрибан ҳамаи муассисаҳои давлатӣ ба ҷамъоварии оҳанпора ҷалб шудаанд.

Як коргари ширкати "Узбекнефтегаз" низ ҷамъоварии оҳанпораро тасдиқ кард.

Дар Узбекистон анъанаи ҷамъоварии оҳанпора аз замони шӯравӣ боқӣ мондааст. Дар соли 2018 ҳукумати Узбекистон дастур дод, ки кормандони буҷавӣ ба ҷамъоварии оҳанпора ҷалб нашаванд.

XS
SM
MD
LG