Ссылки доступа

Дар оташсӯзии як қаҳвахона дар шаҳри Тошканд панҷ одам фавтид


Дар натиҷаи оташсӯзӣ дар қаҳвахонаи "Шовотландия" дар шаҳри Тошканди Узбекистон панҷ одам фавтид. Ин афрод дар қаҳвахонаи мазкур кор ва истиқомат мекарданд.

Як одам бо гумони қасдан оташ задани қаҳвахона боздошт шудааст.

Мақомоти Узбекистон гуфтанд, боздоштшуда сокини ноҳияи Тайлаки вилояти Самарқанд аст.

"Гумонбар бо мошини навъи "Матиз" ба ҷои ҳодиса ҳозир шуда, дар деворҳои қаҳвахона бензин пошида, онро оташ задааст", - хабар дод вазорати корҳои дохилии Узбекистон.

Ба иттилои вазорат, ҳодиса 27 феврал соати 03:51 дар ноҳияи Чилонзори шаҳри Тошканд рух додааст.

XS
SM
MD
LG