Ссылки доступа

Қирғизистон аз Қазоқистону Узбекистон барқ хариданист


Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов дар суҳбат бо хабаргузории "Қазинформ" гуфт, мақомоти ин кишвар имкони харидории нерӯи барқ аз Қазоқистону Узбекистонро баррасӣ доранд.

"Ҳоло дар ҷаҳон мушкили норасоии об пеш омадааст. Мо низ ин мушкилро дорем. Агар вазъ дар обанбори Тоқтогули мо тавре ки ҳоло ҳаст, идома ёбад, сатҳи об ба хати фоҷеавӣ мерасад. Бинобар ин, мо имкони воридоти барқ аз Қазоқистону Узбекистонро баррасӣ дорем. Ҷониби Қазоқистон омодагии худро барои содироти барқ баён кард ва мо низ дар навбати худ бо ҷониби Узбекистон гуфтугӯ дорем", - изҳор дошт Ҷабборов.

Содир Ҷабборов қарор аст, рӯзҳои 2-3 марти соли равон сафари давлатиеро ба Қазоқистон анҷом диҳад. Ба гуфтаи сардори шуъбаи сиёсати хориҷии дастгоҳи президенти Қирғизистон Достон Дюшекеев, Ҷабборов дар доираи ин сафар бо ҳамтои қазоқи худ Қосимҷомарт Тоқаев дидору гуфтугӯ мекунад.

XS
SM
MD
LG