Ссылки доступа

Дар шаҳри Нурсултон сохтмончиён бо талаби баланд бардоштани маош корпатоӣ карданд (видео)


Дар шаҳри Нурсултони Қазоқистон рӯзи 1 март бештар аз сад сохтмончӣ корпартоӣ карданд. Онҳо гуфтанд, ваъдаи мақомот барои баланд бардоштани маошашон иҷро нашуда ва шароити корашон низ беҳ нагардид.

Жанбота Усенова, як сохтмончӣ гуфт, ширкати корфармо ба талабҳои коргарон посух надодаст. Усенов гуфт, онҳо талаби маоши 1200-доллариро доранд.

Ин ҳам дар ҳоле, ки рӯзи 27 феврал сохтмончиён ба вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ нома ирсол карда, афзоиши маошро талаб карда буданд.

Мақомоти Қазоқистон барои қонеъ ё рад кардани талаби сохтмончиён 15 рӯз муҳлат хостанд. Аммо сарфи назар аз ин, сохтмончиён рӯзи 1 март корпартоӣ карданд.

XS
SM
MD
LG