Ссылки доступа

Як мақомдори пулиси Қирғизистон бо гумони фасодкорӣ боздошт шуд


Рӯзи 1 март мақомоти Қирғизистон сардори раёсати Хадамоти давлатии мубориза бо ҷиноятҳои иқтисодӣ (пулиси молӣ) дар умури шаҳри Бишкек К.Н.-ро боздошт карданд.

Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон хабар дод, ки "корманди пулиси молӣ дар ҳамкорӣ бо шаҳрвандон низоми устувори пулшӯӣ ва ба хориҷ бурдани асъорро аз Қирғизистон ба роҳ мондааст".

Ба иттилои КДАМ, аз моҳи март то октябри соли 2020 аз ҷониби ин корманди пулис 59,5 млрд сом ба хориҷ бурда шудааст, ки аз ин ҳисоб ба давлат бештар аз 500 млн сом (5,9 млн доллар) зарар расонида шудааст.

"Бино ба иттилои дарёфтӣ, кормандони пулиси молӣ аз ҳисоби пинҳон доштани қонуншиканӣ дар ҳаҷми 180 млн сом даромад дидаанд", - иттилоъ медиҳад КДАМ.

XS
SM
MD
LG