Ссылки доступа

"Фейсбук"-ро дар Тоҷикистон ҳамчун андозсупоранда сабт карданд


Здание Налогового комитета РТ

Кумитаи андози Тоҷикистон хабар дод, ки шабакаи иҷтимоии "Фейсбук"-ро ҳамчун молиётдиҳанда (андозсупоранда) сабти ном кардааст.

Бар асоси тағйирот ба Кодекси андоз, ки аз моҳи январ ба иҷро даромад, ширкатҳое, ки ба шаҳрвандони Тоҷикистон хадамоти пулакии интернетӣ мерасонанд, ӯҳдадор мешаванд, аз даромади худ 18 дарсад "андози арзиши иловашуда" супоранд.

Дафтари матбуоти Кумитаи андоз дар хабарномае гуфт, рӯзи 2-юм марти соли равон "ширкати Facebook худро дар Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути сомонаи расмии www.andoz.tj ҳамчун супорандаи андоз аз хизматрасониҳои электронӣ, ки аз ҷониби шахсони хориҷӣ анчом дода мешаванд, ба қайд гирифт".

Ширкати "Фейсбук" ё намояндагиҳои он дар бораи сабти ном шудан дар Кумитаи андоз расман хабаре нашр накардаанд. Маълум нест, ки сабти ном шудан дар Кумитаи андози Тоҷикистон то куҷо тасмими масъулини шабака аст.

Вале дар сурати сабти ном шудан дар Кумитаи андоз, ширкати "Фейсбук" муваззаф мешавад, аз даромаде, ки аз шаҳрвандони Тоҷикистон мегирад, 18 дарсад "андози арзиши иловашуда" ё НДС супорад. "Фейсбук" яке аз маҳбубтарин шабакаҳои иҷтимоӣ дар Тоҷикистон аст ва ҳазорҳо истифодабаранда дорад.

Масъулини Кумитаи андоз гуфтанд, ба ҷуз аз Фейсбук, ширкатҳои "Doodle Incorporation", "Nоvatech" ва "Esolar Ltd" ҳам ба ҳайси андозсупоранда сабти ном шудаанд.

Бар асоси муқаррароти нав ба Кодекси андоз, ширкатҳои хориҷӣ, агар мол ё хадамоти худро бевосита ё тавассути миёнравҳо дар Тоҷикистон ба фурӯш мебароранд, бояд ин андози НДС-ро супоранд. Барои ин онҳоро зарур аст, дар сомонаи Кумитаи андоз худро ба таври бархат ё онлайн номнавис кунанд.

Кумита гуфтааст, омода аст ба ширкатҳои хориҷӣ дар ин бора маълумоти заруриро пешниҳод кунад. Аммо бо гузашти як моҳ аз тасвиби қонун ҳанӯз ҳам ширкатҳои бузурге ба монанди "Гугл" ба ин тасмими Кумитаи андоз вокуниш накардаанд.

Дар шеваи андозситонӣ аз Facebook, Google ва ширкатҳои азими дигари мухобиротӣ Тоҷикистон ба таҷрибаи Русия, Испания ва Узбекистон такя кардааст. Аммо дар қиёс бо ин кишварҳо бозори дохилии Тоҷикистон ниҳоят хурд ва қобилияти харидории мардум хеле паст аст. Маълум нест, ширкатҳои азим оғози иҷрои тағйири қонуни андози Тоҷикистонро чӣ гуна мепазиранд.

XS
SM
MD
LG