Ссылки доступа

Навалнийро ба маҳбасе бурданд, ки таҳпӯш медӯзад


Муассисаи ислоҳии рақами 2 (ИК-2)-и вилояти Владимири Русия, ки ба эҳтимоли зиёд мухолифи зиндонӣ Алексей Навалний дар онҷо нигаҳдорӣ мешавад, барои Хадамоти федеролии зиндонҳои ин кишвар таҳпӯш медӯзад.

Тавре The Insider бо истинод ба сомонаи хариди давлатӣ менависад, маҳбаси Владимир соли 2018 бо идораи минтақавии Хадамоти федеролии зиндонҳои Русия барои дӯхтани таҳпӯш ба маблағи 821 ҳазор рубли русӣ қарордод имзо кардааст.

Дар сомонаи расмии бахши Хадамоти федеролии зиндонҳои Русия дар Владимир бахше аст, ки дар он маҳсулоти омода кардаи маҳбусон ҷой дода шудааст. Дар онҷо дар баробари либосҳои мардонаву занона барои маҳбусон пойафзол ва ҷевон низ ҳаст.

Навалний моҳи декабри соли гузашта сабти суҳбати телефониеро бо яке аз иштирокдорони эҳтимолии сӯиқасд ба ҷонаш нашр кард. Ин мард иқрор кард, ки дар амалиёти сӯиқасд ба ҷони Навалний иштирок дошт ва маводи заҳрогинро дар таҳпуши сиёсатмадор пошида буданд.

Баъди нашри ин навор коргардон Виталий Манский дар назди бинои Хадамоти федеролии амнияти Русия дар даст таҳпӯш ҳамоиши эътирозии инфиродӣ баргузор кард.

  • Ҳабс ва ҳукми зиндони Навалний баробари бозгашташ аз табобати Олмон эътирозу норизоиятҳои зиёде дар дохили Русия ва ҳам маҳкумиятҳои Ғарбро ба бор овард. Навалнийро дар он муттаҳам карданд, ки қарори додгоҳ аз соли 2014 оид ба ҳабси шартиро нақз кард, ин дар ҳоле буд, ки Навалний аз як заҳролудшавӣ бо заҳри низомии сохти шӯравӣ аз моҳи август ба ин сӯ дар табобат қарор дошт. Оғози моҳи феврал қарори додгоҳ ҳабси шартии ӯро ба ҳабси воқеӣ табдил кард.
XS
SM
MD
LG