Ссылки доступа

Баъди басташавии як донишгоҳ дар Қазоқистон 900 донишҷӯи хориҷӣ аз таҳсил маҳрум шуданд


Донишгоҳи таҳсилоти мудовими тиббии Қазоқистон (ДТМТҚ) моҳи феврал аз ҳаққи фаъолият маҳрум шуд.

Рӯзи 2 март Вазорати маориф ва илми Қазоқистон сарнавишти бештар аз 900 донишҷӯи хориҷиеро шарҳ дод, ки дар донишгоҳи мазкур таҳсил мекарданд.

Вазорати маорифи Қазоқистон гуфт, дар донишгоҳи мазкур қонуншиканиҳое зиёде ошкор шудааст.

Рӯзи 18 феврал 600 тан аз омӯзгорони донишгоҳ ба кӯча баромада, зидди қарори вазорати маориф эътироз карданд. Омӯзгорон он замон гуфта буданд, ки донишгоҳ ба ҳамаи талабот ҷавобгӯ аст ва дар давоми фаъолияташ ҳеч қонуншикание ба қайд гирифта нашудааст.

Басташавии донишгоҳ донишҷӯёни хориҷиро низ нигарон кардааст. Онҳо мегӯянд, ба далели басташавии донишгоҳ наметавонанд, диплом гиранд ва ба ватани худ бидуни диплом бармегарданду дар оянда коре пайдо карда наметавонанд.

Мақомоти вазорати маорифи Қазоқистон сарнавишти минбаъдаи донишҷӯёни хориҷиро рӯзи 2 март шарҳ доданд.

"То имрӯз сафорати Урдун ба мо муроҷиат кард ва масъалаи ба донишгоҳҳои дигар интиқол додани донишҷӯёни урдуниро ба миён гузошт. Ҳоло мо ин масъаларо баррасӣ дорем", - гуфт Гулзат Кобенова, як масъули вазорати маорифи Қазоқистон.

XS
SM
MD
LG