Ссылки доступа

Як рӯзноманигори қазоқистонӣ гуфт, аз сӯи пулис латту кӯб шудааст


Рӯзноманигори ширкати "Остона"-и Қазоқистон Баҳромбек Толибҷонов гуфт, шаби 2 март дар шаҳри Чимкент аз сӯи кормандони пулис латту кӯб шудааст. Толибҷонов он шаб аз рафти сӯхтори бозори маҳаллӣ гузориш таҳия мекард.

Ба гуфтаи рӯзноманигор, кормандони пулис дастонашро тоб дода, дар рӯ ва гурдаҳояш задаанд.

"Ман гуфтам, ки рӯзноманигор ҳастам ва ба кори ман халал нарасонанд. Ба маҳзи ин ду корманди пулис аз дасту поям бардошта, ба мошини пулис бурданд. Дар рӯ ва гурдаҳоям заданд", - гуфт Толибҷонов.

Рӯзноманигор аз болои кормандони пулис шикоят кардааст.

Мақомоти пулиси шаҳри Чимкент гуфтанд, аз рӯи ин ҳодиса тафтишот шуруъ шудааст.

Ин бори аввал нест, ки дар Қазоқистон кормандони пулис ба рӯзноманигорон ҳамла мекунанд. Моҳи октябри соли гузашта хабарнигори Радиои Озодӣ Сания Тойкен аз сӯи пулис латту кӯб шуд.

Созмонҳои байналхалқӣ Қазоқистонро дар радифи кишварҳои дорои "вазъи сахти озодии баён" қарор додаанд.

XS
SM
MD
LG