Ссылки доступа

Дар Узбекистон барои хонаводаҳои ниёзманд дар хариди манзил сабукӣ медиҳанд


Дар Узбекистон соли ҷорӣ барои пардохти ипотека ё қарзи манзил фоизи пардохти бори аввал аз 20 ба 15 дарсад пойин оварда мешавад.

Ба ҷуз ин, барои қарзҳои манзил танаффуси шашмоҳа дода мешавад.

Дар ин бора Шавкат Мирзиёев, президенти Узбекистон рӯзи 3 март дар як ҷаласа хабар дод.

"10 дарсади пардохти қарзи аввалияи манзилро барои хонаводаҳои камбизоат давлат пардохт мекунад", - гуфт Мирзиёев.

Мирзиёев ҳамчунин ваъда кард, ки ба 1000 хонавода, махсусан занҳое, ки дар ҳолати вазнини иҷтимоӣ қарор доранд, манзилҳои иҷтимоии иҷора пешниҳод карда хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG