Ссылки доступа

Комиссия иҷозат дод, раиси Додгоҳи олии Қирғизистонро ба ҷавобгарӣ кашанд


Комиссияи интизомии Шӯрои додрасҳои Қирғизистон 4 март дар пайи баррасии дархости Додситонии кул иҷозат додааст, ки раиси Додгоҳи олии он кишвар Гулбара Калиева ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида шавад.

Худи Калиева дар ҷаласаи ҳузур надошт ва намояндаи ӯ хост, ҷаласа ба иллати бемор будани раиси Додгоҳи олии Қирғизистон ба таъхир гузошта шавад. Вале намояндаи Додситонии кулли он кишвар гуфт, қонун иҷозат медиҳад, ки масъала бе ҳузури Калиева баррасӣ шавад.

Бинобар ин, Комиссияи интизомӣ дархости додситониро бе ҳузури Калиева баррасӣ карда, иҷозат додааст, ки ӯ ба ҷавобгарӣ кашида шавад. Ҳамчунин комиссия аз президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов дархост хоҳад кард, ки Калиеваро муваққатан аз мақомаш барканор кунад.

Гулбара Калиева аз 22 сентябри соли 2018 раиси Додгоҳи олии Қирғизистон аст. Раиси Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон Камчибек Тошиев моҳи декабри соли 2020 хабар дод, ки зидди Гулбара Калиева бо ҷурми "сӯистифода аз мақом" парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

"Мо тамоми маводро ба Комиссияи интизомӣ додаем. Агар он розигӣ диҳад, мо ӯро ба ҷавобгарӣ хоҳем кашид. Ба назари мо, ӯ қонунро поймол карда, ба давлат зарар расондааст", - афзуда буд Тошиев.

XS
SM
MD
LG