Ссылки доступа

Додгоҳи Алмато бонкдори пешин Ҷомарт Ертоевро 9 сол зиндонӣ кард


Додгоҳи шаҳри Алматои Қазоқистон бонкир Ҷомарт Ертоев ва соҳибкор Нурлан Тлеубоевро дар "дуздӣ"-и пули Бонки Авруоисё, Вank RBK ва Qazaq Banki айбдор эълом ва маҳкум ба зиндон кард.

Бар асоси қарори додгоҳ, Ертоев барои "ташкили дуздии амволи ғайр дар ҳаҷми махсусан калон" ва Тлеубоев "барои дуздӣ ва сохтакорӣ" 9-солӣ аз озодӣ маҳрум шуданд.

Ҷониби айбдоркунанда гуфт, Тлеубоев бо мусоидати Ертоев ва ҳамкоронаш бо роҳи сохтакорӣ ва беасос пул қарз мегирифтааст.

Се гумонбари дигари парванда Олимҷон Тлеубоев, Серик Атабай ва Оксана Шестакова аз 5 то 5,5 сол зиндонӣ шуданд.

Додгоҳ ҳамчунин айбдоршудаҳоро вазифадор кард, ки беш аз 167,8 миллиард танга ба созмонҳои молӣ ҷуброн ва ҳудуди 1 миллиард танга боҷи давлатӣ супоранд.

Пештар додгоҳи Алмато Ертоевро дар ғорати 329,5 ҳазор доллар аз бонки RBK айбдор ва 11 сол зиндонӣ карда буд. Вале худи Ертоев мегӯяд, ҳаргиз дар бонки мазкур фаъолият накардааст. Ӯро соли 2018 дар Москва боздошт ва баъдтар ба Қазоқистон истирдод карданд.

XS
SM
MD
LG