Тавре аз Вазорати адлияи Узбекистон хабар доданд, ин меъёр дар фармони президенти он кишвар Шавкат Мирзиёев дар бораи чораҳои иловагӣ барои дастгирии созмонҳои ғайридавлативу ғайритиҷорӣ, таъмини фаъолияти озод, ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии онҳо" дарҷ шудааст, ки 3 март ба имзо расид.
Бар асоси фармон, муҳлати қайди дубораи созмонҳои ғайридавлативу ғайритиҷорӣ дар Узбекистон аз 1 моҳ ба 15 рӯз кам карда шудааст.
Ба ҷуз ин, Бунёди ҷамъиятии дастгирии созмонҳои ғайридавлатии Узбекистон барои сармоягузории лоиҳаву барномаҳое аз буҷа маблағ дарёфт хоҳад кард, ки ба рушди ин навъи созмонҳои дохилии он кишвар равона шудаанд.