Ссылки доступа

Дар Бишкек дар остонаи роҳпаймоӣ барои ҳифзи ҳуқуқҳои занон гирдиҳамоиҳоро манъ карданд


Додгоҳи ноҳияи якуми шаҳри Бишкеки Қирғизистон баргузории ҳама гуна гирдиҳамоӣ ва роҳпаймоиҳоро дар маркази шаҳр то рӯзи 22 апрел манъ кард.

Дар Қирғизистон ҳар рӯзи якшанбе фаъолон гирдиҳамоӣ ва иқдомҳои дигар роҳандозӣ мекунанд, аммо 8 март фаъолон тасмим доштанд, бахшида ба ҳифзи ҳуқуқҳои занон роҳпаймоӣ кунанд.

Ҳамакнун бо қарори додгоҳ, фаъолон наметавонанд, дар маркази шаҳр чорабинӣ ва роҳпаймоӣ баргузор кунанд.

Ҳукумати ноҳияи Якуми майи шаҳри Бишкек шикоят кардааст, ки гирдиҳамоӣ ва роҳпаймоӣ боиси нигаронии сокинон мешавад ва дар роҳҳои тамбашавии нақлиётро ба бор меорад.

XS
SM
MD
LG