Ссылки доступа

Пулиси Мянмар дубора сӯи эътирозгарон оташ кушод


Пулиси Мянмар барои пароканда кардани эътирозҳои зидди ҳукумати низомиён аз аслиҳа ва гази ашковар истифода кард.

Сарфи назар аз он ки рӯзи 3 март дар натиҷаи пароканда кардани эътирозгарон 38 одам кушта шуд, рӯзи панҷшанбе дубора дар чанд шаҳри Мянмар сокинон ба кӯча баромаданд. Дар бораи қурбониёни рӯзи панҷшанбе ҳоло маълумот нарасидааст.

Дар шаҳри Янгон, пойтахти Мянмар ҳазорон эътирозгар ба кӯча баромада, озодии роҳбари мардумӣ Аун Сан Су Чжиро талаб карданд.

Ба навиштаи расонаҳо, аз ибтидои табаддулоти низомӣ - аз рӯзи 1 феврал то кунун - дар Мянмар на камтар аз 54 кас кушта шудааст. Бештар аз 1700 каси дигар, аз ҷумла 29 рӯзноманигор боздошт шудааст.

Иттиҳоди Аврупо истифодаи силоҳ зидди эътирозгарони осоиштаро дар Мянмар маҳкум кард.

Қарор аст, имрӯз, 5 март Шӯрои Амнияти СММ пӯшти дарҳои баста вазъ дар Мянмарро баррасӣ кунад.

Дар натиҷаи табаддулоти низомӣ дар Мянмар ҳукуматро низомиён ғасб карданд. Низомиён роҳбари ҳизби "Лигаи миллии тарафдори демократия" Аун Сан Су Чжиро боздошт карданд, ки ҳизби вай дар интихоботи порлумонии моҳи ноябри соли 2020 пирӯз шуда буд. Низомиён ҳизби ӯро дар тақаллубкорӣ айбдор мекунанд. Низомиён тасмим доранд, як сол баъд интихоботи нави порлумонӣ баргузор кунанд. Дар Мянмар сокинон зидди ҳукумати низомиён эътироз доранд.

XS
SM
MD
LG