Ссылки доступа

Модарҳои кӯдакони маъюб дар бинои шаҳрдории Нурсултон хобанд


Дар шаҳри Нурсултони Қазоқистон модарҳои кӯдакони маъюб панҷ рӯз мешавад, ки дар бинои шаҳрдорӣ хобанд.

Дар ин муддат бо онҳо намояндагони Вазорати меҳнат ва чанд вакили порлумони Қазоқистон вохӯрданд, вале ҷонибҳо натавонистанд ба созиш бирасанд.

"3 март муовини вазири меҳнат омада буд. Модарон ба ӯ 32 талаби худро пешниҳод карданд. Муовини вазир гуфт, масъалаҳоро баррасӣ карда, 15 апрел посух мегӯянд. Вакилони порлумон ҳам гуфтанд, ки фикр мекунанд, чи гуна кумак расонанд. Занони норозӣ мегӯянд, то талабҳояшон иҷро нашавад, бинои шаҳрдориро тарк намекунанд", - гуфт сокини пойтахти Қазоқистон Акмарал Блялова.

Ба гуфтаи ҳамсуҳбати мо, модарҳои кӯдакони маъюб дар бинои шаҳрдорӣ аз ҳисоби худ бо ғизои гарму оби нӯшокӣ таъминанд.

Ин гуруҳи занон мегӯянд, дар Қазоқистон имтиёзҳо барои кӯдакони маъюб камтар шудааст. Онҳо аз мақомот талаб доранд, ки мушкили дарёфти манзил, пеш аз муҳлат ба нафақа баромадани модарони дорои фарзанди маъюб ва имтиёзҳои иҷтимоӣ ҳал карда шавад.

XS
SM
MD
LG