Ссылки доступа

Дар натиҷаи суқути чархбол 11 низомии Туркия ҷон бохтанд


На месте крушения вертолёта в провинции Битлис, Турция, 4 марта 2021 года

Дар натиҷаи суқути як чархбол дар вилояти Битлис, дар шарқи Туркия 11 низомӣ ҷон бохта, се тани дигар захмӣ шуд.

Дар миёни кушташудаҳо генерал Усмон Эрбаш ҳам ҳаст. Ӯ бахши ҳаштуми нерӯҳои хушкигарди Туркияро фармондеҳӣ мекард.

Бино ба маълумоти пешакӣ, сабаби суқути чархбол ҳавои номусоид ё нуқси техникии чархбол аст.

Дабири кулли НАТО Йенс Столтенберг роҷеъ ба ҳалокати низомиёни турк ҳамдардӣ баён кардааст.

XS
SM
MD
LG