Ссылки доступа

Қазоқистониҳо намехоҳанд, ба рангҳо тақсим шаванд (видео)


Вазорати тандурустии Қазоқистон барномаи мобилии пайдо кардани гирифторони COVID-19-ро ба кор андохт.

Барномаи мобилӣ одамонро вобаста аз вазъи сиҳатиашон ба гуруҳҳо ҷудо мекунад.

Барномаи нави озмоиширо соҳибони муассисаҳои тиҷорӣ истифода мекунанд, аммо сокинон зидди истифодаи ин барнома ҳастанд.

Приложение Минздрава Казахстана делит людей по цветам
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:04:17 0:00

Дар барномаи мазкур вазъи сиҳатии сокинон сабт шудааст. Вобаста ба вазъи сиҳатӣ барнома сокинонро ба рангҳо ҷудо мекунад. Дар сурати иншон додани ранги сурх, сокинон аз ворид шудан ба биноҳои тиҷоратӣ маҳрум карда мешавад. Ранги кабуду сабз маънои онро дорад, ки шаҳрванд имкон дорад, вориди бино шавад.

Сокинон мегӯянд, ба рангҳо ҷудо кардани шаҳрвандон сирри тиббиро ошкор мекунад ва дар бораи бемор будан ё набудани як нафар шахси севум ҳам огоҳ мешавад.

XS
SM
MD
LG