Ссылки доступа

ИМА барои иттилоъ дар бораи соҳибнуфузи ҷиноии Қирғизистон $5 млн подош ваъда кард


Департаменти давлатии ИМА барои иттилоъ дар бораи ҷиноятҳои соҳибнуфузи ҷиноии Қирғизистон Камчӣ Колибоев подош ваъда кард.

Дар ин бора сафорати ИМА дар Қирғизистон иттилоъ дод.

Ба ин тартиб, ИМА ваъда кардааст, барои иттилое, ки имкон медиҳад, Колбоев ба ҷавобгарӣ кашида шавад, то 5 миллион доллар медиҳад.

Дар соли 2012 президенти вақти ИМА Барак Обама Колбоевро ҳамчун яке аз 7 тан қочоқбари калонтарин шомили "рӯйхати сиёҳ" карда буд.

Камчӣ Колбоев дар қайди ВКД Қирғизистон қарор дорад. Ӯро роҳбари гуруҳи муташаккили ҷиноӣ унвон мекунанд. Бино ба иттилои мақомоти Қирғизистон, гуруҳи Колбоев 424 узв дорад.

Мақомоти Қирғизистон рӯзи 22 октябри соли 2020 аз боздошти Колбоев хабар дода буд.

Рӯзи 2 марти соли ҷорӣ додгоҳи шаҳри Бишкек Камчӣ Колбоевро ба шарти берун нарафтан аз кишвар аз ҳабс озод кард.

XS
SM
MD
LG