Ссылки доступа

Як фаъоли туркманистонӣ аз президенти Русия паноҳандагӣ хост (видео)


Розгелдӣ Чолиев, як фаъоли 27-солаи туркманистонӣ бо нашри видеое аз президенти Русия Владимир Путин дархости паноҳандагӣ кард.

Вай мегӯяд, марзбонони Русия аз 2 март аст, ки аризаи ӯро барои паноҳандагӣ қабул намекунанд ва ин боис шудааст, ки Чолиев барои пешгирӣ аз ихроҷаш аз Русия муроҷиатнома сабт кунад.

"Шумо президенти Русия ҳастед, дар Русия қонун мавҷуд аст ва ба фарқ аз Туркманистон, қонун дар Русия кор мекунад", - гуфтааст Чолиев дар муроҷиатномааш. Вай дар фурудгоҳи Шереметевои шаҳри Москва ҳамроҳ бо хонаводааш дар мондааст.

Чолиев сокини шаҳри Ишқбодои Туркманистон аст, ки то чанде пеш дар як донишгоҳи Карачаево-Черкес таҳсил мекард. Моҳи январи соли 2020 ӯро аз донишгоҳ хориҷ карданд.

Баъди он ки вай дар як наворе ҳукумати Туркманистонро танқид кард, мақомоти донишгоҳ ӯро аз донишгоҳ хориҷ карданд.

XS
SM
MD
LG