Ссылки доступа

Эътилофҳои касабаи Мянмар ба корпартоии саросарӣ даъват карданд


Рӯзи душанбеи 8 март бисёре аз корхонаҳо дар Мянмар бо даъват Эътилофи коргарони ин кишвар зидди ҳукумати низомиён корпартоӣ карданд.

Нуҳ Эътилофи коргарони Мянмар аз шаҳрвандон даъват карданд, ки сар аз 8 март "ба қатъи тӯлонӣ ва комили иқтисод" шуруъ кунанд. Дар муроҷиати муштараки эътилофҳо омадааст, идомаи фаъолияти иқтисодӣ ба нафъи низоми ҳарбӣ аст. Фармондеҳии неруҳои мусаллаҳ дар посух ба корпартоён таҳдид карданд.

Расонаҳо менависанд, рӯзи душанбе дар Мянмар бархе марказҳои тиҷориву мағозаҳо, шуъбаҳои почтаву бонкҳо ва корхонаҳои нассоҷӣ кор накарданд. Дар шаҳри Янгон эътирози зидди ҳукумати низомӣ идома дорад. Дар рӯёрӯии сокинон бо низомиён аз 1 феврал ба ин тараф на камтар аз 54 кас кушта шудааст. СММ хабар медиҳад, на камтар аз 1700 каси дигар ҳабс шудааст.

XS
SM
MD
LG