Ссылки доступа

Дар Туркманистон фаъолияти пизишкони амрози занонаро тафтиш мекунанд


Туркменистан (иллюстративное фото) 
Туркменистан (иллюстративное фото) 

Додситонии Туркманистон дар бемористонҳои навоҳии Фороб ва Чорҷеви вилояти Лебап фаъолияти табибони амрози занонаеро тафтиш дорад, ки давоми шаш моҳи ахир дар исқотҳои ҳамл иштирок доштанд.

Тибқи қонунгузории Туркманистон, аз соли 2015 исқоти ҳамл танҳо дар асоси хулосаи комиссияи махсус иҷозат аст. Вале додситонии Туркманистон ҳоло фаъолияти табибонеро ҳам тафтиш дорад, ки дар асоси иҷозатномаи лозимӣ исқоти ҳамлро анҷом додаанд.

Дар Кодекси ҷиноии Туркманистон барои табибоне, ки исқоти ҳамлро берун аз бемористон ё дар маркази табобатӣ анҷом додаанд, ба муҳлати ду сол корҳои ислоҳӣ пешбинӣ шудааст. Агар исқоти ҳамлро шахсе анҷом дода бошад, ки маълумоти олии тиббӣ надорад, ду сол аз озодӣ маҳрум мешавад.

Хабарнигори бахши туркмании Радиои Озодӣ мегӯяд, дар Туркманистон дарёфти иҷозатномаи комиссияи махсус барои исқоти ҳамл бидуни додани пора ғайриимкон аст.

XS
SM
MD
LG