Ссылки доступа

Қаллобии интернетӣ дар Қазоқистон: дар як моҳ беш аз 1800 парванда боз шудааст


Дар Қазоқистон қаллобии интернетӣ афзоиш ёфтаааст. Расонаи таҳлилии Finprom.kz бо истинод ба Вазорати умури дохилӣ ва Додситонии кулли Қазоқистон хабар додааст, ки теъдоди ҳолатҳои қаллобии интернетӣ дар соли равон нисбат ба соли гузашта бештар шудааст.

Бино ба иттилои Finprom, танҳо дар моҳи январи соли равон бо банди "Қаллобӣ" чаҳор ҳазор парванда боз шудааст, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 30,9 дарсад бештар мебошад.

43 дарсад ё беш аз 1,8 ҳазори ин парвандаҳо ба қаллобии интернетӣ рабт дорад. Аксари ҳолатҳо дар шаҳрҳои Нурсултон, Алмато ва Чимкент ба қайд гирифта шудаанд.

"Аз 4 ҳазор ҷинояти қаллобӣ танҳо ҳудуди 400 ҳолат ошкор карда шудааст. Мушкили ошкор шудани ҷиноятҳои дигар дар он аст, ки дастандаркорони онҳо дар хориҷ аз Қазоқистон қарор доранд. Дар бештари ҳолатҳо изи ҷиноят пеш аз расидани дархости мо ба Интерпол ё пулиси байналмилалӣ рӯйпӯш карда мешавад", - мегӯяд сухангӯи Вазорати умури дохилии Қазоқистон Нурдилд Ораз.

Пештар 11 бонки Қазоқистон бо нашри як изҳороти муштарак аз афзоиши қаллобии интернетӣ ҳушдор дода буданд. Ба гуфтаи масъулони бонк, қаллобон ба муштариён тамос гирифта, худро намояндаи бонкҳо муаррифӣ ва онҳоро фиреб мекунанд.

Бонкҳо аз муштариён даъват кардаанд, ки маълумоти шахсии худро ҳеч гоҳ ба касе ифшо накунанд ва ба суоли қаллобон низ посухе надиҳанд.

XS
SM
MD
LG