Ссылки доступа

Ҳукумати шаҳри Ӯши Қирғизистон қасрсозии раисро рад кард


Азамат Абсатторов, сухангӯи ҳукумати шаҳри Ӯши Қирғизистон гуфт, раиси ин шаҳр Таалайбек Сарибашов ба сохтмони хонае, ки навораш дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд, рабте надорад.

Дар навори видеоӣ гуфта мешавад, ки раиси Ӯш дар қитъаи замине хона месозад, ки бо номи хоҳараш сабт шудааст.

Азамат Абсатторов гуфт, на замин ва на хона ба раису пайвандонаш рабт надорад. Вай ин хабарро бадномсозии раис унвон кард.

Таалайбек Сарибшов аз соли 2018 ба ин тараф раиси шаҳри Ӯш аст.

XS
SM
MD
LG