Ссылки доступа

Гузоришҳо: Чин “наслкушӣ”-и уйғурҳоро ба роҳ мондааст


Гузориши як гурӯҳи коршиносон, ки 9-уми март нашр шуд, мегӯяд, Ҳукумати Чин эъломияи СММ оид ба наслкуширо вайрон карда, алайҳи уйғурҳо геносидро ба роҳ мондааст.

Пажӯҳишгоҳи таҳқиқоти стратегии Newlines дар хулосаҳои таҳлилҳои мустақилонааш аз масъулияти давлати Чин сӯҳбат карда дарёфтааст, ки сиёсати Пекин нисбати аҳолии уйғур “ҳар моддаи” Эъломияи наслкуширо вайрон мекунад. То ҳол Чин барои дар урдугоҳҳои косентратсионӣ ҷой додани 1 миллион уйғурҳову дигар аққалиятҳои мусалмони вилояти Шинҷон мавриди маҳкумияти ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад.

Худи Пекин ин муассисаҳоро марказҳои бозтарбияи терроризму экстремизм меномад. Дар яке аз охирин қарорҳои худ пеш аз хатми мӯҳлати раёсатҷумҳуриаш Доналд Трамп дар моҳи январ Чинро барои роҳандозии наслкушиву ҷиноят алайҳи инсоният дар вилояти Шинҷон гунаҳгор кард. Нед Прайс, сухангӯи Департаменти давлатӣ рӯзи 9-уми март гуфт, ки маъмурияти президент Ҷо Байден ҳеҷ тағйироте намебинад, ки ин мавқеи ИМА-ро дигар кунад.

Эъломияи наслкушӣ баъди ҷанги дуюми ҷаҳон қабул шуда, геносидро ҳамчун “талоши қисман ё пурра хароб кардани гурӯҳи милливу динӣ ё нажодӣ” шарҳ додааст.

XS
SM
MD
LG