Ссылки доступа

Дар Қазоқистон мардеро ба таҷовузи духтарандараш айбдор мекунанд


Додгоҳи шаҳри Урали Қазоқистон 10 март баррасии парвандаи Бакит Ермаханови 33-соларо оғоз кард, ки дар таҷовузи духтарандари худ айбдор мешавад.

Бино ба иттилои муфаттишон, ҳодиса моҳи сентябри соли гузашта рух додааст. Мард гӯиё бо баҳонаи тамйизкорӣ духтарандари 13-солаашро ба манзили иҷораи корфармои худ бурда, ба номуси ӯ дастдарозӣ кардааст.

Духтар танҳо баъди панҷ рӯз аз рух додани ҳодиса ба модараш хабар додааст. Ҳамчун далел навореро ҳам нишон дода, ки дар он Ермаханов аз духтарандараш хоҳиш мекунад, боз ба он манзили иҷора бираванд.

​Вале вакили дифои гумонбар Мереке Габдуалиев мегӯяд, шахси зери ҳимояш худро гунаҳкор намедонад. Вакили дифоъ ба хотири махфӣ будани парванда аз ироаи ҷузъиёт худдорӣ кард.

Модари гумонбар Айсул Аймагамбетова ҳам писари худро бегуноҳ номида, мегӯяд, арӯсаш - Самира Дусталиева​ аз рашк алайҳи шавҳари худ шикоят бурдааст. "Писари ман мехост, аз ҳамсараш ҷудо шавад. Вале Дусталиева​ розӣ намешуд ва пайваста шавҳарашро гунаҳкор мекард, ки бо корфармои итолиёияш муносибатҳои маҳрамона дорад. Ӯ мегуфт, ки қассос хоҳад гирифт", - изҳор дошт Аймагамбетова.

XS
SM
MD
LG