Ссылки доступа

Оҳанпорае, ки аз бинои 19-ошёна дар Душанбе афтод, як ҷавонро маҷрӯҳ кард. Додситонӣ месанҷад (видео)


Сиёвуш Акобиршоев
Сиёвуш Акобиршоев

Як ҷавони тоҷик мегӯяд, аз боми бинои 19-ошёнае дар Душанбе, ки сохтмонаш идома дорад, ба рӯйи пойҳояш оҳанпора афтод ва ӯро аз чаҳор ангушту тавони роҳ гаштан маҳрум кард.

Ба қавли Сиёвуш Акобиршоеви 25-сола, ҳодиса моҳе пеш дар кӯчаи Бухорои пойтахт рух дод.

Биноеро, ки оҳанпора аз онҷо афтодааст, ширкати “Ёқут-2000” месозад, вале намояндагонаш ҳозир нашуданд, дар ин бора суҳбат кунанд. Сиёвуш Акобиршоев шикоят дорад, ки раҳбарияти ширкат ҷуброни зарар напардохтаанд. Падараш барои додхоҳӣ ба Додситонии ноҳияи Шоҳмансур муроҷиат кардааст.

Сиёвуш Акобиршоев мегӯяд, "рӯзи 9-уми феврал ба дӯкони нон мерафтам, ки аз боми бино оҳанпора афтод. Поямро дидам, ки пояфзолам нест ва ба хун оғушта аст. Устухонҳои поямро дидам, ки намоён буданд. Оҳанпора 30-40 кило будааст."

Пизишкон гуфтанд, вақте ӯро ба бемористон оварданд, ҳайрон монданд, чун ангуштони пояш ба андозае маҷақ шуда буданд, ки дигар имкони наҷоти онҳо набуд. Сиёвуш як бор ҷарроҳии вазнинро паси сар кард, вале ҳамоно бистарист.

Пайвандони Сиёвуш мегӯянд, ҳарчанд ҳодиса дар назди бинои “Ёқут-2000” рух додааст, намояндагонаш натанҳо ҷуброн напардохтанд, балки ба аёдат наомаданд.

Таҷаммулшоҳ Акобиршоев, падари Сиёвуш, рӯзи 9-уми март гуфт, “фақат як нафарро мефиристанд, ки ӯ дору меорад. Аз роҳбарияти ширкат то ҳол касе наомад ва напурсид. Ба раиси ширкат як суол доштам, ки ояндаи ин бачаро чӣ хел фикр мекунед? Агар фарзанди Шумо мебуд, барои ояндааш чӣ кор мекардед?”

Намояндагони ширкати “Ёқут-2000” барои шарҳи мавзуъ розӣ нашуданд. Яке аз масъулони сохтмон дар суҳбати кӯтоҳ бо Радиои Озодӣ тасдиқ кард, ки ҷабрдидаро бо маводи зарурии тиббӣ таъмин мекунанд.

Раиси ширкат, Абдуҳалим Қодирзода, рӯзи 10-уми феврал дар суҳбати ҳузурӣ гуфт, аз ҳодиса хабар надорад ва таҳқиқ мекунад, ки чӣ шудааст. Дар мавриди пардохти ҷуброни зарар ваъда дод, ки ҳуқуқшиносон бо мо тамос мегиранд ва хулосаи худро мегӯянд. То замони нашри матлаб касе тамос нагирифт.

Сиёвуш Акобиршоев сокини ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аст ва Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русияро хатм кардааст. Ӯ мегӯяд, дар пойтахт дар пайи ҷустуҷӯи кор буд, вале ҳоло орзу дорад, ки дубора ба пойи худ рост истад ва адолат нисбат ба ӯ таъмин гардад.

Дар гузашта ин гуна ҳодисаҳо борҳо расонаӣ шудааст. Яке аз чунин мавридҳо, ки дар сархатти расонаҳо қарор дошт, дар соли 2019 сарозер шудани 8 бинокор аз гунбази Масҷиди бузурги Душанбе буд.

Дар Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ низ гуфтанд, танҳо соли гузашта 31 ҳодисаи нохушро дар маҳалли сохтмонҳо сабт карданд. Дар ин ҳодиса 8 нафар ҷон бохта, 33 кас маҷруҳ шудаанд.

Санъат Раҳим, сардори ин ниҳод, моҳи феврали имсол дар як нишасти матбуотӣ гуфт, соли 2020 барои риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ шахсони масъулро беш аз 848 ҳазор ҷарима бастаанд. Ӯ ҳодисаҳои нохушро бештар ба бемасъулиятии муҳандисон ва бепарвоии сокинон рабт дод. Аммо наздикони ҷабрдидаҳо ба ин назаранд, ки аслан бетаваҷҷӯҳии роҳбарони ширкатҳои сохтмонӣ ва чашмпӯшии мақомот ба камбудҳо боис ба сар задани чунин ҳодисаҳо шудааст.

XS
SM
MD
LG