Ссылки доступа

Чаҳорсад муҳофизи Рамзан Қодиров аз буҷа маош мегиранд


Барои муҳофизони роҳбари Чеченистон Рамзан Қодиров дар сол на камтар аз 200 миллион рубл харҷ мешавад.

Бо ин маблағ на камтар аз 400 неруи Росгвардияи Русия Қодиров, манзилаш ва қароргоҳ, инчунин манзили пайвандони ӯро муҳофизат мекунанд.

На танҳо Қодиров, балки модар ва хонаводааш ҳуқуқ ба муҳофизро доранд. Дар ин бора нашрияи "Открытые медиа" хабар медиҳад.

Сарфи назар аз он ки роҳбари Чеченистон мегӯяд, дар кишвараш тартиб ва амният таъмин аст, аз 388 то 430 неруи Росгвардия Қодиров ва хонаводаашро дар панҷ соли охир муҳофизат кардаанд. Гуфта мешавад, теъдоди воқеии муҳофизони Қодиров аз ин бештар аст.

Дар Чеченистон қонуни алоҳидае "Дар бораи кафолатҳои иҷтимоӣ ва дигар кафолатҳои ҳамсари президенти нахустини Чеченистон" амал мекунад. Дар асоси ин қонун, модари Қодиров ба муҳофиз ҳақ дорад.

XS
SM
MD
LG