Ссылки доступа

Ширкатдорони роҳпаймоии шаҳри Алмато гуфтанд, онҳоро таҳдид мекунанд


Дархан Шарип, фаъоли ҳаракати "Oyan, Qazaqstan!" гуфт, баъди иштирокаш дар роҳпаймоии бахшида ба рӯзи занҳо дар шаҳри Алматои Қазоқистон, дар шабакаҳои иҷтимоӣ таҳдид кардаанд.

"Навори роҳпаймоӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шудааст, касе маро шинохта ва суроғаамро дар шарҳҳо навиштааст. Бо ҳамин таҳдид ба номи ман шуруъ шуд. Гуфтанд, ки маро ёфта, мекушанд", - хабар дод Дархан Шарип.

"Ин як бори дигар нишон медиҳад, ки ҳаққу ҳуқуқи занҳо дар кишвари мо чи гуна риоя мешаванд", - гуфт фаъоли ҷамъиятӣ.

Рӯзи 8 март дар шаҳри Алмато чанде аз гуруҳҳои феменистӣ бо талаби баробарии ҷинсӣ роҳпаймоӣ карданд.

XS
SM
MD
LG