Ссылки доступа

Соҳибкори узбек дар эътироз ба ноадолатиҳо дар назди Қабулгоҳи Мирзиёев қасди худкушӣ кард (видео)


Мамуржон Бердалиев заявляет, что уже третий год обращается к президенту с жалобой на несправедливость со стороны местных властей.

Сокини ноҳияи Олтиариқи вилояти Фарғонаи Узбекистон Маъмурҷон Бердиалиев 11 март ба нишони эътироз дар назди Қабулгоҳи мардумии президенти он кишвар қасди худкушӣ кардааст.

Дар видеое, ки дастраси бахши узбекии Радиои Озод шуд, дида мешавад, Бердиалиев дар назди Қабулгоҳи мардумӣ дар дасташ алмос (лезва) рост истодааст. Ҳамчунин дар видео лаҳзаи ҷорӣ шудани хун аз ҳар ду дастони Бердиалиев омадааст. Худи ӯ дар навор бо хашму ғазаб раиси ноҳияи Олтиариқро дар мусодираи заминаш айбдор мекунад.

Вале ёвари раиси Олтиариқ Авазбек Хоҷиакбаров мегӯяд, замини Бердиалиевро ба иллати ғайриқонунӣ истифода шуданаш мусодира кардаанд.

Бино ба хабарҳо, Бердиалиев се бор бо мақсади соҳибкорӣ замин дарёфт кардааст, вале ҳар бор баъди омода шудани санадҳои лозимӣ додситони ноҳия эътироз карда, заминҳоро ба каси дигар медодаанд.

Ба гуфтаи Бердиалиев, ӯ се сол мешавад, ки талош дорад, замини худро баргардонад. "Инҳо се сол аст, ки маро азоб медиҳанд. Аз пушти онҳо ҳоло қарздор ҳастам. Ба ман замин медиҳанд, боз онро мегиранд. Онҳо танҳо заминони камбизоатонро мегиранд. Ба вазорат муроҷиат кардам, вале гуфтанд, коре карда наметавонанд", - изҳор дошт ӯ.

Сокини Олтиариқ мегӯяд, се сол аст, ки пайи ҳам аз ноадолатии мақомоти маҳалли ноҳияашон ба президенти Узбекистон шикоят мекунад.

XS
SM
MD
LG