Ссылки доступа

Рӯзи матбуоти тоҷик дар чӣ шароите ҷашн гирифта мешавад?(гулчин)


Ба расонаҳои минтақа ҳақ дода мешавад, ки аз ин матлабҳо ба сурати комил ва ё ҷузъӣ истифода кунанд. Бо дархости муштариён метавонем ба онҳо шакли аслии наворҳои видеоиро фиристем. Онҳо, инчунин, метавонанд матлаби дилхоҳи худро аз махзани Директ истифода кунанд.

- Рӯзи матбуоти тоҷик дар чӣ шароите ҷашн гирифта мешавад? Имрӯз 11-уми март дар Тоҷикистон рӯзи матбуот таҷлил шуд. Хабарнигорони тоҷик, дар ҳоле рӯзи касбии худро ҷашн мегиранд, ки ба гуфтаи созмонҳои байналмилалӣ озодии баён дар кишвар маҳдуд шуда, латкӯбу таҳдиди журналистон дар Тоҷикистон солҳои охир афзоиш ёфтааст. (видео)

- Як муҳоҷири тоҷикро барои убури марз ва дигареро бо талаби Қирғизистон боздошт намудаанд. Додгоҳи шаҳри Исилкули вилояти Омски Русия ба баррасии парвандаи як шаҳрванди Тоҷикистонро шурӯъ кардаст, ки ҳамроҳ бо як нафар қазоқ тавассути қатори боркашон ба қаламрави Русия ворид шудаанд. Тафтишот дуи онҳоро ба убури ғайриқонунии сарҳад дар таърихи 22-уми декабр айбдор мекунад. (видео)

- Роҳгузаре, ки аз афтодани оҳанпора аз як сохтмон дар Душанбе захм бардошт, ҷубронпулӣ талаб дорад. (видео)

- Рӯзгори сахти як зани танҳо дар шаҳри Кӯлоб. Хонаи оҳание бо навиштаи “Сартарашхона” дар шаҳри Кӯлоб манзили як зани танҳо аст, аммо ба ҷуз аз маҳкам будани гирду атрофаш на барқ дорад, на оби ошомиданӣ. Танҳо барои шабро рӯз кардан ва аз боду газанд наҷот ёфтани Зӯҳро Бобоёрова аст. (видео)

- Нороҳатии мусофирони эҳтимолӣ аз нархи билети Душанбе-Алмаато. Ҳафтаи равон парвозҳои мунтазам миёни Тоҷикистону Қазқоистон, ки як сол инҷониб баста буданд барқарор мешавад. Хабарнигорони Радиои Озодӣ имрӯз дар назди фурӯшгоҳҳои билети ҳавопаймо буданд ва мушоҳида карданд, ки аксарияти билетҳо аллакай фурӯхта шудаанд ва нархи парвоз ҳам фавқуллода гарон аст. (видео)

- Коргарони тоҷики ширкати чинӣ мегӯянд, ҳуқуқи онҳо эҳтиром намешавад. Даҳҳо коргарони тоҷик, ки дар сохтмони бинои нави ҳукумати Тоҷикистон дар маркази пойтахт фаъолият доранд мегӯянд, корфармои чинӣ масъулони ширкати “Чиангду” аз бисёр будани корҷӯёни маҳаллӣ сӯистифода карда, ҳуқуқи меҳнатии онҳоро поймол мекунад. (видео)

- Тағйирот дар кору зиндагии Сумбула, қаҳрамони филми "Бибиҷон". Хабарнигорони Радиои Озодӣ дар рӯзи 8-уми март ба дидани қаҳрамони достони видеоии “Бибиҷон” рафтанд. Сумбула Ятимова, ки як сол пеш аз кори машаққатбори роҳрӯбӣ қисса мекард, ҳоло шод аст, ки таваҷҷуҳ ба кору заҳмати онҳо ҳам аз сӯйи корфармо ва ҳам аз тарафи мардум бештар шудааст. (видео)

- Маркази исломӣ мардуми камбизоати канори Вашингтонро бо ғизо таъмин мекунад. Маркази исломӣ мардуми камбизоати канори Вашингтонро бо ғизо таъмин мекунад. Ба қавли муаллифи гузориш дар телевизиони "Садои Амрико" дар давраи пандемияи коронавирус ҳар амрикоии шашум ба ғизо дастрасии комил надоранд. (видео)

- Тути калони шаҳри Хуҷанд ба ҳимоят ниёз доштааст. Сокинони як як кӯчаи шаҳри Хуҷанд-маркази вилояти Суғд аз тақдири як дарахти тут нигаронанд. Ба бовари бошандагони Хуҷанд ин дарахт беш аз 1000 сол умр дорад, аммо баҳори имсол мисли пешин нашъунамо надорад. Сокинон аз он нигаронанд, ки эҳтимол дарахт хушк шавад. (видео)

- Зарбулати хабарнигорони Радиои Озодӣ дар Душанбе. Ҳангоми таҳияи гузориш дар бораи афзоиши нархи сӯзишворӣ дар Тоҷикистон, рӯзи 4-уми март хабарнигорони Радиои Озодӣ, Муллораҷаб Юсуфӣ ва Шаҳло Абдуллоева, ҳадафи ҳамла ва зарбулат қарор гирифтанд. (видео)

- Ширкати Гугл (Google) мисли Фейсбук (Facebook) ба Тоҷикистон андоз месупорад. (видео)

- Як литр бензин аз 8 сомонӣ гаронтар шуд. Дар Тоҷикистон дигарбора болоравии нархи маводи сӯхт мушоҳида мешавад. (видео)

- Парвоз ба Қазоқистону Афғонистон мушкили муҳоҷирони тоҷикро ҳал намекунад. (видео)

- Мақомоти тоҷик ба донишҷӯён андозаи пули халосӣ аз хизматро эълон карданд. Билети ҳарбӣ бар ивази 28 ҳазор сомонӣ. Мақомоти тоҷик ба донишҷӯён андозаи пули халосӣ аз хизмати ҳарбиро эълон карданд. (видео)

КОРМАНДОНИ МУҲТАРАМИ РАСОНАҲО! БО ҲАЗОРОН НАВОРИ САДОВУ ВИДЕО, АЗ ҶУМЛА, ШАКЛИ АСЛИИ САДОВУ ВИДЕОҲО БО ЗАБОНИ ТОҶИКӢ, КИ БАРОИ ЗАХИРА КАРДАНИ КОРШАРИКОН ДАСТРАС ҲАСТАНД, ОШНО ШАВЕД.

XS
SM
MD
LG