Ссылки доступа

Қасди худкушии сардухтури туркман баъди тафтиши додситонӣ


Иллюстративное фото
Иллюстративное фото

Сардухтури бемористони вилоятии Лебапи Туркманистон баъди як талоши худкушиаш дар ҳолати вазнин дар беморхонаи Туркманобод бистарӣ шудааст.

Як манбаи огаҳ аз қазия гуфт, сардухтури бемористони Лебап баъди он қасди худкушӣ кард, ки додситонӣ дар натиҷаи як тафтиш чандин қонуншиканиро дар фаъолияти беморхона ошкор кардааст. Гуфта мешавад, худи сардухтур дар ин қонуншиканиҳо даст дорад.

Сардухтури 45-солаи Лебап Э.М. шаби 10 март дар таҳхонаи манзили зисташ қасди худкушӣ карда, худро овехтааст. Вале ӯро наҷот ва дар ҳолати вазнин ба беморхона интиқол додаанд.

Мақомоти Лебап ба тамоми кормандони бемористони вилоятӣ амр кардаанд, ки дар ин бора бо касе суҳбат накунанд.

Як табиб аз Лебап ба шарти ифшо нашудани номаш гуфт, Э.М. соли 2018 бо кумаки яке аз мансабдорони баландпояи Туркманистон сардухтури беморхонаи нави вилоятӣ таъйин шуда буд ва яке аз шахсони бонуфуз дар он минтақа ба шумор мерафт.

XS
SM
MD
LG