Ссылки доступа

Дар Фаронса се хонандаро барои қатли ҳамдарсашон мумкин аст, 20 сол зиндонӣ кунанд


Париж
Париж

Дар шаҳри Аржантёйи Фаронса рӯзи якшанбе аз 3 то 5 ҳазор одам ҷамъ омада, ба хотири гиромидошти хонандаи 14-сола Алишӣ роҳпаймоӣ карданд, ки аз сӯи ҳамдарсонаш кушта шуд.

Алиширо шоми 8 март дар об ғарқшуда пайдо карданд. Додситонӣ хабар дод, ки Алишӣ ба мулоқоти ду ҳамдарсаш рафта буд. Ҳамдарсони Алиш - як писар ва як духтар ӯро латту кӯб карда, ба хотири пинҳон доштани изи латту кӯб Алишии ҳанӯз зиндаро ба дарёи Сен партофтаанд. Додситонӣ мегӯяд, ду наврас аз рӯи маслиҳати пешакӣ амал кардаанд.

Дар роҳпаймоии рӯзи якшанбе волидони духтари кушташуда низ ширкат карданд. "Дар ҷои ин метавонист, духтари шумо бошад", - гуфт падари Алишӣ дар хитоб ба ҷамъомадагон.

Ба навиштаи расонаҳо, гумонбарон боздошт шуда, ба онҳо то 20-солӣ зиндон таҳдид мекунад.

XS
SM
MD
LG