Ссылки доступа

Дар Узбекистон як сартабибро барои латту кӯби зердасташ аз мақом барканор карданд (видео)


Иҷрокунандаи вазифаи сартабиби беморхонаи ноҳияи Шаҳрихони вилояти Андиҷони Узбекистонро ба хотири латту кӯби як зердасташ аз мақом барканор карданд.

Ин ҳодиса шоми 8 март рух додааст. Сардори раёсати тандурустии вилояти Андиҷон гуфт, рафтори иҷрокунандаи вазифаи сартабиби беморхонаи ноҳияи Шаҳрихон нодуруст аст ва вай бояд ба кори дигар гузаронида шавад.

Лаҳзаи латту кӯби зердаст аз сӯи сартабиб дар дурбинҳо сабт шудааст.

Иҷрокунандаи вазифаи сартабиб Рустам Убайдуллоев ба корманди беморхона Султонмурод Абдунабиев ҳамла кардааст. Убайдуллоев мегӯяд, Абдунабиевро ба хотири надоштани ниқоб хостааст, аз беморхона берун кунад.

Аммо Абдунабиев мегӯяд, Убайдуллоев ӯро барои надоштани ниқоб латту кӯб кардааст.​

В Андижане главврач избил коллегу за отсутствие маски
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:00:08 0:00

В Андижане главврач избил коллегу за отсутствие маски №2
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:00:43 0:00

XS
SM
MD
LG