Ссылки доступа

Навозандаи қазоқ "Imanbek" ҷоизаи "Грэммӣ"-ро соҳиб шуд


Навозандаи қазоқ Имонбек Зейкенов, маъруф ба "Imanbek" ҷоизаи "Грэммӣ"-ро ба даст овард. Маросими тақдими ҷоиза онлайнӣ ва тавассути сомонаи худи "Грэммӣ" намоиш дода шуд.

Ин ҷоизаро навозанда барои ремикси оҳанги "Roses"-и репсарои амрикоӣ SAINt JHN соҳиб гаштааст.

"Дар карераи навозанда ба даст овардани ҷоизаи "Грэммӣ" беҳтарин лаҳза аст ва мо ба он даст ёфтем", - навиштааст Зейкенов дар Инстаграм.

Зейкенов дар вилояти Павлодар таҳсил карда, дар роҳи оҳан кор мекард ва дар вақтҳои холигияш ба навозандагӣ машғул мешуд. Ремикси вай дар Ютуб миллионҳо бинанда касб карда, ба панҷгонаи раддабандии U.S. Billboard Hot 100 шомил шуд.

XS
SM
MD
LG