Масъули ширкати "ОңтүстікЖарықТранзит" Мақсад Жаксибоев гуфт, хабарҳо дар бораи қатъ шудани нерӯи барқ аз 13 март ба ин сӯ оғоз шуданд. "Интиқоли нерӯи барқ ба сокинони Кентау шоми 14 март аз сар гирифта шуд. Дар Байдибек, Отрар ва Ордабасӣ корҳо идома доранд", - афзуд Жаксибоев.
Дар ҳукумати вилояти Туркистон хабар доданд, ки дар Кентау маркази барқу гармидиҳӣ аз кор монда буд, вале субҳи 14 март он дубора ба кор даромад. Ба гуфтаи мақомоти маҳаллӣ, дар ду шаҳр ва се ноҳияи ин вилоят беш аз ҳазор симчӯб афтидааст.
Дар вилояти Туркистон 13 март нахуст борон борида, сипас туфони сахт вазид ва барфи зиёд борид. Мақомоти ҳолатҳои изтирории вилоят гуфтанд, чандин роҳҳои ҷумҳуриявӣ ва минтақваиро ба далели яхбандӣ бастанд.