Ссылки доступа

Раҳбарони кумитаҳои амнияти Тоҷикистону Қирғизистон мулоқот мекунанд


Ҷаласаи навбатии ҳайати Тоҷикистону Қирғизистон оид ба таъйин ва аломатгузории хатти марзҳои давлатии ду кишвар 15 март оғоз хоҳад шуд.

Ба огаҳии Хадамоти марзбонии Қирғизистон, ин ҷаласа аз 15 то 18 марти соли равон дар шаҳри Хуҷанди Тоҷикистон баргузор мешавад.

Манбаъ афзудааст, раиси Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон Камчибек Тошиев, ки ҳамзамон комиссияи ҳукуматии марзии он кишварро раҳбарӣ хоҳад кард, бо ҳамтои тоҷики худ Саймумин Ятимов масоили марбут ба ҳамкории хадамоти махсуси ду кишвар, аз ҷумла "муборизаҳои муштарак бар зидди таҳдиду хатарҳо"-ро баррасӣ мекунад.

Тоҷикистону Қирғизистон беш аз 976 километр марз доранд, вале ҳалношуда мондани мақоми 504 километр сарҳад солҳо боз ба яке аз мушкили ҷиддии миёни ду ҳамсоя табдил шудааст. Танҳо дар соли 2020 дар марзи ду кишвар 9 низоъ рух додааст.

XS
SM
MD
LG