Ссылки доступа

Дар Бухоро омӯзгореро аз кор ронданд, ки донишҷӯёнро барои "туҳфаи ночиз" таҳдид карда буд


Омӯзгори Донишгоҳи давлатии шаҳри Бухорои Узбекистон, ки донишҷӯёнро барои туҳфаи 300-ҳазорсӯмияшон (наздики $30) бахшида ба 8 март таҳдид карда буд, аз кор ронда шуд. Дар ин бора Вазорати маорифи Узбекистон иттилоъ медиҳад.

Қазияи таҳдиди омӯзгорро блогери узбек Умед Ғафуров дар гуруҳи телеграми худ расонаӣ карда, аз Вазорати маорифи Узбекистон хост, ба ин масъала расидагӣ шавад.

Ба гуфтаи блогер, донишҷӯёни факултети таҳсилоти томактабӣ ва синфҳои ибтидоӣ ба омӯзгор-масъули гуруҳи худ бахшида ба Иди бонувон - 8 март як даста гул ва 200 ҳазор сӯм ($19) туҳфа кардаанд.

"Донишҷӯёни дигаре, ки дар ин вазъият қарор гирифтанд, метавонанд ба ман муроҷиат кунанд. Мо бояд бо ҳам низоми маорифро "табобат" кунем", - навиштааст блогери бухороӣ.

Дертар Вазорати маорифи Узбекистон хабар дод, ки дар пайи санҷиши ҳодиса "бар асоси Кодекси меҳнати кишвар қарордоди корӣ бо омӯзгор" бекор карда шудааст.

XS
SM
MD
LG