Ссылки доступа

Иштироки онлайнии Путин дар ифтитоҳи як кони тилои Қирғизистон


Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов 17 март дар маросими бахшида ба оғози фаъолияти ширкати истихроҷи тило дар кони Ҷеруйи вилояти Талас иштирок мекунад.

Сухангӯи президенти Қирғизистон Галина Байтерек гуфт, дар ин маросим президенти Русия Владимир Путин низ онлайнӣ иштирок хоҳад кард.

Ҷеруй баъди Қумтор дувумин кони бузурги тилои Қирғизистон аст. Бино ба маълумоти пешакӣ, ҳаҷми захираи он 84 тонна тило ва ҳудуди 10 тонна нуқраро ташкил медиҳад.

Иҷозатномаи коркарди кон соли 2015 дар як музояда бар ивази 100 миллион доллар ба ширкати русии "Восток-геолдобича", ки ба ширкати "Русская платина" марбут аст, фурӯхта шуд.

Моҳи октябри соли 2020 дар пайи бетартибиҳои оммавии Қирғизистон як гуруҳи сокинон ба кон ҳамла ва анбору коргоҳҳои онро тахриб намуданд.

XS
SM
MD
LG