Ссылки доступа

Пулиси Алмато эътирозгаронро ба консулгарии Чин роҳ надод (видео)


Пулиси шаҳри Алматои Қазоқистон 15 март ба гуруҳи тазоҳургарон, ки беш аз як моҳ мешавад, бо талаби раҳоии наздикони боздоштшудаашон дар Шинҷон эътироз доранд, иҷозат надод ба бинои консулгарии Чин ворид шаванд.

Фаъоли қазоқ Байболат Кунболатулӣ бо як пахши мустақим дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук хабар дод, ки кормандони пулис пеши роҳи гуруҳи эътирозгаронро чандсад метр дуртар аз бинои консулгарӣ гирифтанд.

Ба гуфтаи фаъолон, кормандони пулис гуфтаанд, шаҳр аз нигоҳи теъдоди мубталоёни коронавирус ба минтақаи "сурх" шомил шудааст, бинобар ин, ташкили ҷамъомад дар онҷо манъ мебошад.

Талошҳо барои дарёфти назари Идораи пулиси Алмато дар ин замина бенатиҷа буданд.

Беш аз як моҳ мешавад, ки дар назди бинои консулгарии Чин дар Алмато гирдиҳамоии қазоқтаборони Шинҷон баргузор мешавад. Онҳо раҳоии наздикони боздоштшудаи худ дар Шинҷони Чинро талаб доранд.

Дипломатҳои чинӣ ба назди эътирозгарон намебароянд.

Созмони Милал ҳисоб кардааст, ки дар Шинҷон 1 миллион уйғурҳо ва мусалмонҳои дигар дар "қароргоҳҳои зиддиифротгароӣ" нигаҳдорӣ мешаванд. СММ инчунин мегӯяд, як миллион аҳолии дигар маҷбуран ба "марказҳои бозтарбия" андохта шудаанд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико ҳам гуфтааст, тахминан 2 миллион уйғурҳову намояндагони дигари қавму миллатҳои бумии Шинҷон ба муассисаҳои бо номи "марказҳои бозтарбия" дар қаламрави ин вилоят бурда шудаанд.

Чин пойфишорӣ мекунад, ки ин муассисаҳо "марказҳои тарбиявӣ" буда, барои аз терроризму ифротгароӣ поккорӣ шудани инсонҳо ва ба ҷомеаи маҳаллӣ мутобиқ кардани онҳо амал мекунанд.

XS
SM
MD
LG