Ссылки доступа

Дар Дума шумори низомиҳои кушташудаи рус дар Сурияро эълом карданд


Владимир Путин во время посещения российской военной базы в сирийском Хмеймиме, декабрь 2017 года
Владимир Путин во время посещения российской военной базы в сирийском Хмеймиме, декабрь 2017 года

Муовини раиси кумитаи дифои Думаи давлатии Русия Андрей Красов гуфт, дар натиҷаи амалиёти низомӣ дар Сурия 112 низомии ин кишвар кушта шудааст.

Русия аз 30 сентябри соли 2015 дар Сурия расман амалиёти низомӣ мегузаронад. Дар бораи кушта шудани 112 низомии рус дар ин амалиёт фармондеҳи нерӯҳои ҳавоиву кайҳонии Русия Виктор Бондарев ҳанӯз дар соли 2018 хабар дода буд.

Бино ба иттилои хабаргузориҳои ҷаҳонӣ, шумори низомиёни кушташудаи рус дар Сурия аз 112 нафар хеле бештар аст. Ба иттилои хабаргузории Reuters, танҳо соли 2017 дар натиҷаи як амалиёт дар Сурия 131 русиягӣ ҷон бохтааст.

Дар соли 2018 низ хабар дода шуда буд, ки дар натиҷаи зарбаҳои ҳавоии ИМА наздики 200 зархариди рус ҷон додааст.

XS
SM
MD
LG