Ссылки доступа

Тоҷикону қирғизҳо мехоҳанд, монеаҳоро бардоранду хандақҳоро пур кунанд (видео)


Жители Таджикистана и Кыргызстана ждут открытия пограничных переходов

Сокинони ду деҳа дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон хоҳони бардоштани монеаву пӯшидани хандақҳо ва кушодани гузаргоҳҳои марзӣ ҳастанд. Гузаргоҳҳоро соли гузашта бо ҳадафи пешгирӣ аз равуои мардум ва, ҳамин тавр, ҷилавгирӣ аз густариши бемории коронавирус баста буданд.

Сокинони деҳаи Арқаи Қирғизистон ва ҷамоати Хистеварзи Тоҷикистон мегӯянд, дар як соли охир додугирифт байни ҳамсояҳо ба шиддат кам шуд ва онҳоро бо мушкили зиёд рӯ ба рӯ кард.

Тӯрабек Шабачаев, сокини деҳаи Арқаи Қирғизистон, рӯзи 14-уми март гуфт: "Тоҷикон бензинро аз мо мегиранд. Аксаран аз ноҳияи Лайлак. Мо аз онҳо хӯрокворӣ мегирем, ки хеле арзон аст. Ҳаштод дарсади аҳолӣ камбағаланд ва аз нархи гарони хӯрокворӣ азият мекашанд", -- афзуд ӯ.

Дар деҳаҳои наздимарзӣ хабари кам шудан ё сабт нашудани гирифторони бемории ҳамагирро дар Тоҷикистон бо шавқ пайгирӣ мекунанд. Умед доранд, ки ҳарчи зуд гузаргоҳҳо боз ва додугирифт дигарбора оғоз мешавад.

Ин дар ҳолест, ки чанде пеш мақомоти Қирғизистон аз сокинони деҳаи Арқа хостаанд, ба ҷониби Тоҷикистон нагузаранд, вагарна дастгиру муҷозот мешаванд. Ишораи онҳо ба боздошту раҳоии чанд шаҳрванди Қирғизистон дар ҳудуди Тоҷикистон аст.

Хабарнигори Радиои Озодӣ барои дидани вазъ ба сарҳад рафт. Дар як тарафи роҳ сарбозони тоҷик ва дар ҷониби дигар сарбозони қирғиз меистоданд.

Дар баъзе аз қисматҳои роҳ хандақ ё чуқурӣ кофтаанд, ки гузаштани сокинони ду тарафи марзро мушкил мегардонад. Зафар Давлатзода, раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, мегӯяд, "роҳҳое, ки чуқурӣ кофтем, ба фоидаи кор буд. Соли гузашта, вақте бемории ҳамагир пайдо шуд, ҳама ба таҳлука афтоданд ва ин барои пешгириву муҳофизати худи шаҳрвандон буд."

Вале сокинони ҷамоати Хистеварз мегӯянд, ин хандақҳо корашонро хеле мушкил кард ва набудани харидорони қирғиз бозорашонро қариб ба касодшавӣ расонд.

Аюбҷон Зоҳидов, сокини деҳаи Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, гуфт, "онҳо аз мо маҳсулот мехариданд. Дар ҷое, ки савдо ҳаст, шароит хуб аст. Онҳо меваҳои хушк оварда, аз мо биринҷ мегирифтанд. Зиндагӣ беҳтар буд."

Ҷамоати Хистеварз ва Овчӣ-Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо ноҳияи Лайлаки Қирғизистон беш аз 40 километр сарҳад дорад.

Дар айни замон мақомоти Раёсати гумрук дар вилояти Суғд гуфтанд, омори қочоқи молу маҳсулот, аз ҷумла сӯзишворӣ дар марзи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови Тоҷикистон ва Лайлаки Қирғизистон дар муқоиса ба соли 2019 коҳиши чашмрас надошт.

Баҳром Исматуллозода, сардори Раёсати гумруки вилояти Суғд, гуфт: "Зиёда аз 164 чапроҳае ҳаст, ки худи роҳбари давлат медонад. Ин бисёр масъалаи осебпазир аст. Хатти сарҳад бояд муайян бошад. Агар хатти сарҳад муайян шавад, нуқтаҳои сӯзишворие, ки мавҷуд аст, шояд бардошта шавад. То ҷое медонам, то се километри хатти сарҳад ягон чиз сохтан мумкин нест."

Тоҷикистону Қирғизистон 976 километр марз доранд, вале то кунун бештар 504 километри он муайяну аломатгузорӣ шудааст. Азбаски хатти марз аз байни рустову роҳ ва ҳавлии мардум мегузарад, ду тараф бо гузашти солҳо натавонистанд, сари минтақаҳои баҳсбарангез ба мувофиқа бирасанд ва хатти ягона бикашанд.

Қарор аст, ҳайатҳои ду тараф рӯзи 16-уми март дар шаҳри Гулистон бори дигар дар бораи хатти марз суҳбат кунанд, вале ба чӣ натиҷа хоҳанд расид, феълан маълум нест.

XS
SM
MD
LG