Ссылки доступа

Президенти нахустини Арманистон аз Пашинян хост, фавран истеъфо диҳад


Раиси ҳизби мухолифи Конгресси миллӣ ва нахустин президенти Арманистон Левон Тер-Петросян аз сарвазири он кишвар Никол Пашинян даъват кард, ки аз мақомаш канор равад.

Тер-Петросян дар як матлабаш дар сомонаи ilur.am гуфтааст, ягона роҳи бурунрафт аз буҳрони сиёсӣ дар Арманистон ин аст, ки сарвазир бо хоҳиши худ ва кафолати дахлнопазирияш аз сӯи Маҷлиси миллии Арманистон фавран истеъфо диҳад. Вай афзуда, ки бигузор ба Пашинян иҷозат дода шавад, то муваққатан дар хориҷ зиндагӣ кунад.

Ба гуфтаи Тер-Петросян, дар сурати истеъфои Пашинян иҷрои вазифаҳои сарвазир муваққатан ба муовини сарвазире вогузор шавад, ки аз ҳеч ҳизбе намояндагӣ намекунад. Зеро танҳо ӯ бо мавқеи бетарафияш метавонад баргузории интихоботи одилонаро таъмин кунад.

​Ба далели ҷанги шашҳафтаинаи хунини Арманистону Озарбойҷон барои Қаробоғи куҳӣ, Никол Пашиниён зери фишори афзояндаи тазоҳургарон ва мухолифони давлат қарор гирифтааст, ки саъй доранд, ӯро ба истеъфо водор намоянд.

Ҷанги 44-рӯзаи Арманистону Озарбойҷон дар соли гузашта баъди имзои созиши сулҳ дар моҳи ноябр ба поён расид. Бар асоси созиш, ки бо миёнҷигарии Русия ҳосил шуд, Арманистон қисматҳое аз Қаробоғи куҳӣ ва атрофи онро ба Озарбойҷон дод ва дар ҷанг ҳам талафоти зиёде дид. Никол Пашиниён, ки эътилофи сиёсиаш дар порлумон аксари курсиҳоро дар даст дорад, талаби мухолифон барои истеъфо ва эълони интихоботи барвақтиро рад карда ва хоҳони машварату муколама шудааст.

Тер-Петросян солҳои 1991-1998 президенти Арманистон буд.

XS
SM
MD
LG